Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато ба як раҳбари мухолифон бо тухм ҳамла карданд


Имрӯз дар Алмаато ба сӯи Владимир Козлов-раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Алға" тухм партофтанд. Вай дар ин авохир эълон карда буд, ки номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад кард. Козлов ва чанд нафари дигар аз раҳбарони ин ҳизб як ҷо бо Ҳизби Куммунист дар дохили Клуби миллиии матбуотӣ дар Алмаато бо тухм мавриди ҳамлаи ҷавонон қарор гирифтанд. Ин ҳамлакунандагон худро Жентоқсаншилар ё фаъолони декабр муаррифӣ карданд, ки аз тазоҳуроти моҳи декабри соли 1986 бар зидди Геннаддий Колбин ёдоварӣ мекунад. Он вақт Колбин дар мақоми Котиби аввали Кумитаи Маркази Ҳиби Куммунист бояд Динмуҳаммад Кунаевро иваз мекард. Козлов ҳам мисли Колбин рустабор аст. Аммо шахсони наздик ба Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон мегӯянд, Назарбоев дар интихоботи соли 2012 низ ширкат хоҳад ҷуст. То он вақт синни вай ба 70 хоҳад расид. Дар Қонуни Асосии ин кишвар омадааст, раиси ҷумҳур бояд ба таври озод ба забони қазоқӣ гуфтугӯ кунад. Аммо Козлов ҳеҷ гоҳ ба ин забон гуфтугӯ накардааст.
XS
SM
MD
LG