Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади се сарбози "Алфа" аз об берун кашида шуд


Гурӯҳҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз дарёи Сурхоб дар маҳали суқути чархболи нируҳои Горди Миллии Тоҷикистон дар Рашт ҷасади се узви гурӯҳи "Алфа"-ро пайдо кардаанд. Ин се нафар Мискиншоҳ Ироншоев-сокини Хоруғ, Олим Суяров-сокини ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров зодаи ноҳияи Файзобод будаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар додааст. Ин Чархбол 6-ӯми октябр суқут кард ва дар он 27 нафар нишаста буданд, ки аз онҳо 20 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG