Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Амрико бо реактори ҳастии Эрон мушкил надорад


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико бори дигар такрор кард, ки Амрико бо реактори ҳастаии сохти Русия дар Бушеҳри Эрон мушкиле надорад. Хонум Клинтон гуфт, мушкил ин аст, ки Эрон дар "ҷойҳое мисли Натанз ва Қум корхонаҳои махфие дорад, ки ба бовари Амрико, Эрон дар он ҷойҳо барномаҳои таслиҳоти ҳастаии худро пиёда мекунад. Клинтон рӯзи сешанбе гуфт:

"Шумо медонед, ман аз баъзе хабарҳо дарёфтам, ки эрониҳо реактори ҳастаии худро ба кор меандозанд. Ин масъалае нест. Он ба нируи ҳастаии сулҳомез ихтсос дорад. Он ба аслиҳаи ҳастаӣ ихтисос надорад".

Ин суханони Ҳилларӣ Клинтон дар ҳоле садо дод, ки дирӯз Эрон сӯхти ҳастаии худро ба реактори ҳастаиаш рехт.
XS
SM
MD
LG