Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, қарор аст Владимир Путин моҳи оянда барои ширкат дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви созмони Шонгҳой аз Тоҷикистон боздид кунад. Интизор меравад, ки Путин дар ҷараёни ин боздид бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва масъалаҳои сиёсиву низомӣ ва иқтисодиро баррасӣ намояд.

Тибқи навиштаи хабаргузории "Авеста", мумкин аст шартҳои иҷораи фурудгоҳи низомии шаҳраки Айнӣ, воқеъ дар 15-километрии шарқи шаҳри Душанбе баррасӣ шавад. Ин фурудгоҳ бо ҳамкории Ҳиндустон таъмир шудааст ва ҳоло Русия мехоҳад онро иҷора бигирад.
Ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки роҷеъ ба фурудгоҳи низомии Айнӣ Тоҷикистон танҳо бо Русия музокира мекунад.

Дар ҳамин ҳол, баррасии масъалаи дигар ҳам пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки мумкин аст аз баҳори оянда, яъне аз соли 2011, ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ихтиёри марзбонони Русия гузошта шавад.

Ва агар чунин шавад, пас гуфтан мумкин аст, ки дар муносиботи Тоҷикистону Русия хеле нармиш ё тағирот пеш хоҳад омад, яъне тақрибан ба ҳолати солҳои пешин бархоҳад гашт.

Дар як гуфтугӯ аз Анатолий Чехоев-коршиноси Русия дар умури Осиёи Марказӣ аз вай пурсидам, ин нармиш дар муносиботро чӣ тарз арзёбӣ мекунад?

Ҷавоб: Ҳамкориҳои низомии мо бо Тоҷикистон то вақтҳои ахир дар сатҳи хуб созмон дода шуда буд. Ҳифзи муштараки марзҳо натиҷаҳои худро медод. Қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ман худам ба Панҷ рафта будам ва дида будам, ки чӣ тавр дар он ҷо қочоқбаронро дастгир карда буданд. Ба назари ман ин масъала дубора матраҳ шудааст. Агар ин ду кишвар дар ин масъала ба ҳамкорӣ муваффақ шаванд, ин барои Тоҷикистон ҳам манфиат дорад.

Суол: Чунин ба назар мерасид, ки то ҳол Тоҷикистон барои ба иҷора додани фурудгоҳи Айнӣ муштарии сарватмандро ҷустуҷӯ мекард. Вале акнун дида мешавад, ки Тоҷикистон барои ба иҷора додани ин фурудгоҳ ба Русия ба гузашт омода аст? Оё ин нишонаи нармиш дар муносиботи ҷонибҳост?

Ҷавоб: Шояд ман суолро таври дигар матраҳ мекардам. Тоҷикистон муштарӣ ҷустуҷӯ намекард, балки дар Тоҷикистон фурудгоҳ ҷустуҷӯ мекарданд, ки чӣ кишваре бояд нерӯҳои ҳавоии худро мустақар кунад. Ин геополитикаи бузург аст ва ман фикр мекунам, ки ин ҷо интихоби Русия дуруст аст, албатта бо назардошти он, ки ҳоло дар Афғонистон ва умуман дар ин минтақа чӣ мегузарад.

Суол: Дар он сурат, истиқрори марзбонони Русия дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон чӣ тавр хоҳад буд? Фикр мекунед, ки ҳамон ҳолати солҳои 1990-ум барқарор мешавад ё ба онҳо мақоми дигаре медиҳанд?

Ҷавоб: Ман борҳо аз марз боздид кардаам. Он вақт афсарон аслан аз Русия, вале сарбозон аз миллати маҳаллӣ буданд. Ман фикр мекунам, ки Русия он вақт набояд дар сатҳи ҷузу томҳои хурд мисли взвод ё аз ин қабил мудохила мекард. Вале масъалаи оперативӣ яке аз шаклҳои беҳтари ҳамкорист. Ман, албатта назари худро мегӯям, вале бо назардошти фикри афсарони мо, ки он вақт ба ман гуфта буданд. Шояд дар он ҷо ягон ҷузу томи нируҳои ҳавоӣ низ барои фаъолият зарур бошад.

Суол: Ба назари шумо ҳадафҳои стротегии Русия дар минтақа ва дар Тоҷикистон чӣ аст?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки бояд бартарии низомиро дар минтақа ҳифз кунад. Ва он набояд аз ҳисоби афзоиши нерӯҳо ё пойгоҳҳои низомӣ амалӣ шавад. Вазифа чунин нест, балки Русия ба таври фаъол ҳоло талош дорад, ки вориди иқтисоди кишварҳои дигар шавад. Ба ин кор ҳақ дорад. Ба назари ман, ин нафъи иқтисоди ҳамон кишварҳо ҳам ҳаст. Дар ин замина дар Тоҷикистон масъалаҳои зиёдест, ки таваҷҷуҳи Русияро ҷалб мекунад, дар навбати аввал иқтисоддонҳои моро.

Суол: Фикр мекунед, ки нахуствазири Русия дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бартарӣ қоил мешавад?

Ҷавоб: Имрӯз бояд ҳамкорӣ боэътимод дошт ва дар ин маврид Владимир Владимирович табъан, бо дарки ин масъал ба он ҷо меравад, ки барои Русия дар Тоҷикистон ва барои Тоҷикистон дар Русия бештар ҷанбаҳои мусбат вуҷуд дорад на манфӣ. Ба ин масъала сиёсати муҳоҷират низ дохил аст ва он бояд танзим шавад. Бояд дар ин замина ришвахориро аз миён баранд, меъёрҳо муқаррар шаванд. Ман фикр мекунам, ки аз ин масъала ҳам ҷои гурез нест ва он ҳам дар он ҷо баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG