Пайвандҳои дастрасӣ

Тайи панҷ рӯзи ахир, ҳудуди 100 мошини борбари Эрону Туркия ва кишварҳои дигар дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар гузаргоҳи «Дустӣ», воқеъ дар ноҳияи марзии Турсунзода, аз ду ҷониб интизори иҷозаи гумруки Ӯзбакистон мондаанд.

Ронандагони мошинҳо мегӯянд, ки санадҳои гумрукӣ ва раводид доранд, аммо гумруки Ӯзбакистон бидуни кадом далел ба онҳо иҷозаи убуру вуруд намедиҳад.

Ҷаъфари Кирдорӣ, ронандаи яке аз мошинҳои борбар, ки қасди бозгашт ба Иронро дорад, мегӯяд, ки тайи панҷ рӯз аст дар марз банд мондааст, вале ҷониби Ӯзбакистон ҳанӯз хомӯш аст. Вай мегӯяд, ки дар гумруки Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле пеш наомадааст.

Оқои Кирдорӣ мегӯяд, онҳо тариқи транзит аз марзи Ӯзбакистон мегузаранд, вале бо ин вуҷуд дар марз аз тарафи гумрукчиҳои Ӯзбакистон бори онҳо тафтиш мешавад. Вақте оғои Кирдорӣ мехост ба Тоҷикистон бори тоҷирони ирониро биёрад, дар марзи Ӯзбакистон ду рӯз маътал монд ва ҳоло аз ин тараф мехоҳад убур кунад, аммо иҷозат надорад.

Кумитаи Гумруки Тоҷикистон вуҷуди давомдори ин масъала дар гузаргоҳҳои Ӯзбакистонро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки дар роҳи ҳалли масъала бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Зеро ҳалли ин масъала дар гузаргоҳҳо ва боздошт шудани вагонҳо дар истгоҳҳои Ӯзбакистон аз доираи салоҳиятҳои идораҳои гумрукӣ берун аст.

Сафорати Узбакистон бехабар аст

Раиси консулгарии Узбакистон дар Тоҷикистон Зафарҷон Раҳимҷонов ба радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол ҳеҷ ҷонибе масъалаи манъи мошинҳои борбарро ба таври расмӣ бо онҳо матраҳ накардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Тоҷикистон, имрӯз як намояндаи ин ниҳод ба гузаргоҳи гумрукии «Дустӣ» барои ҳалли масъала фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол як ронандаи дигар гуфт, ки тайи ин чанд рӯзе, ки дар марз интизор мемонанд, кормандони гумрук ва марзбонии Ӯзбакистон моли онҳоро аз мошинҳо медузданд ва ронандаҳо дар назди соҳибони бор қарздор мешаванд.

Аммо коршиносон боздошти мошинҳо ва вагонҳо дар марзи Узбакистонро ба ихтилофоти назари ду кишвар бар сари наҳваи сохтмони обанбори нерӯгоҳи Роғун рабт медиҳанд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки «Узбакистон бо ҳар роҳ ва васила мехоҳад пеши роҳи сохтмони Роғунро бигирад ва барои ин аз тамоми фишангҳо истифода мекунад».

Мушкили убури қатораҳо аз Ӯзбакистон

Аз ҷониби дигар, шурӯъ аз моҳи феврал ҷониби Ӯзбакистон нахуст якҷониба ва баъдан дидаву дониста дар ҳаракати вагонҳои ҳомили бору колои Тоҷикистон монеа эҷод кард ва теъдоди беш аз ду ҳазор қаторро иҷозаи убур надод. Дахолати СММ ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ кора накард, то он замоне, ки бар сари мардуми Кӯлоб офати сел наомад. Ин ҳодиса то ҷое боиси тараҳҳуми ҳукумати Ӯзбакистон шуд ва қисме аз вагонҳоеро, ки шомили маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ буд, ба Тоҷикистон фиристод.

Ҳушдори Эрон ба Ӯзбакистон дар аввалҳои моҳи июн то ҷое ба раҳоии шуморе аз вагонҳои Тоҷикистон сабаб шуд. Аммо боз ҳам Ӯзбакистон ба тасмими худ пофишорӣ кард ва ҳатто Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд дар моҳи июл таъкид кард, ки ба «вагонҳои ҳомили таҷҳизоти марбут ба нерӯгоҳи Роғун» иҷозаи убур нахоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ширкати «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон ҳоло дар қаламрави Ӯзбакистон шуморе аз вагонҳои бору коло банд мондаанд.

Кормандони бахши гумрукии Тоҷикистон дар гузаргоҳи Дӯстии ноҳияи Турсунзода мегӯянд, се моҳ қабл низ чунин мушкил пеш омада буд, вале пас аз сӯҳбатҳои ду ҷониба ҳалли худро пайдо намуд.

Аммо ин навбат рушан нест, ки вазъи пешомада то чанд давом мекунад. Зеро кормандони гумрук ва марзбонии Узбакистон аслан ба тақозоҳои ҷониби Тоҷикистон вокуниш нишон намедиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG