Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври 30-юми Лигаи олии Тоҷикистон


Даври 30-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми 26-уми октябр ба анҷом расид. Ду бозии охирини ин давр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар дастаи мизбон - «Энергетик»-и Душанбе бо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, рақобат кард. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Бозии дигар дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни дастаи мизбон – «Парвоз» ва тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:2 ба охир расид. Ба ду голи мизбонон Асадулло Бобоҷонов (дақиқаи 7-ум) ва Хайрулло Ғайбуллоев (дақиқаи 14-ум) меҳмонон Маъруф Рустамов (дақиқаи 45-ум) ва Фаррух Чориев (дақиқаи 65-ум) бо ду гол ҷавоб гардонданд.

Ёдовар мешавам, дар ду бозии аввали даври 30-юм дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 ва ССКА «Помир»-и Душанбе бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Ба ин тартиб дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 68 имтиёз дар ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд.

Дастаҳои «Хайр» ва «Вахш» бо 44-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои севуму чаҳорумро касб кардаанд. Вале дастаи «Вахш» ду бозӣ камтар анҷом додааст.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

26

21

5

0

65-14

68

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

26

19

5

2

74-17

62

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

27

13

5

9

47-34

44

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

25

12

8

5

33-22

44

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

26

8

9

9

27-39

33

6.

«Энергетик» (Душанбе)

26

8

4

14

31-39

28

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

7

6

13

34-45

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

27

4

5

18

27-65

17

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

27

1

3

23

17-82

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 26 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 15, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод Восиев («Истиқлол»), (Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.

Бозиҳои даври 31-ум:
30-юми октябр (шанбе)
«Хайр» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Вахш» - «Истиқлол»

31-уми октябр (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG