Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷасади гурӯҳи "Алфа" ёфт шуд


Бино ба иттилои Дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, гурӯҳи вижаи наҷотбахши ин кумита дар маҳали суқути чархболи Горди милии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз дарёи Сурхоб ҷасади се тан аз узви гурӯҳи маъруфи «Алфа»- и Кумитаи амниятии миллии кишварро берун оварданд .

Инҳо прапоршикҳои гурӯҳи «Алфа» Мискиншо Ироншоев, сокини шаҳри Хоруғ, Олим Суяров, сокини ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров зодаи ноҳияи Фархор будаанд, ки ҳангоми сарозер шудани чархбол ба дарёи Сурхоб, ғарқ шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар медиҳад, ки инҳо аз ҷумлаи 6 нафари нопадидшудаҳое мебошанд, ки пас аз суқути чархбол дар ноҳияи Рашт дар таърихи 6-уми октябр аз тарафи гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷустуҷӯ мешуданд.

Қаблан мақомоти интизомии кишвар аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои қудратӣ дар маҳали Навободи минтақаи Рашт дар рӯзи 6 октябр хабар дода буданд, ки аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шуда буданд.

Дар ибтидо сабабҳои суқути чархбол ба ҳар гуна шарҳ дода мешуд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор бардоштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.
XS
SM
MD
LG