Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бохти дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби бузург дар Тошканд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии дуввумаш дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд аз тими Индонезия бо ҳисоби бузурги 1:4 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи А дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и пойтахти Узбакистон бо ҳузури 1300 тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум Расид Фахрӣ, нимҳимоятгари дастаи Индонезия, кушод. Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони Индонезия боз се бор тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд. Голҳоро Нугроҳо Энтони (дақиқаҳои 47-ум ва 59-ум) ва Путра Ангга ба самар расонданд. Як голи Тоҷикистонро Абдулло Саидов дар дақиқаи 85-ум зад.

Дар ин бозӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин буд: Баҳодур Шамсов, Дилшодҷон Каримов, Анушервон Загуров (Фирдавсии Юсуфзода, 56), Дилшод Холиқов, Абдулло Саидов, Дилшод Саломов, Бузургмеҳр Қодиров (Додохон Мӯъминов, 39), Дилшод Расулов, Ойбек Абдуғаффоров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода (Комрон Раҷабализода, 71), Толибҷон Султонов.

Бозии дигари гурӯҳи А миёни дастаи мизбон – Узбакистон ва тими Урдун бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Баъди ду даври бозиҳо дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 4 имтиёз дар мақоми аввал ва Индонезия бо 3 имтиёз дар мақоми дуввум қарор доранд. Урдун баъди 2 бозӣ 2 имтиёз ба даст оварда, дар ҷойи севум аст. Ва мақоми охирро дар гурӯҳи А тими Тоҷикистон бо 1 имтиёз ишғол мекунад.

Футболбозони навраси тоҷик барои касби яке аз ду роҳхат ба марҳалаи баъдии мусобиқот интихоби дигар ба ҷуз аз пирӯзӣ бар тими Узбакистон дар даври севум ва он ҳам бо ҳисоби ҳарчӣ бузургтарро надоранд. Дар ҳоле ки барои Узбакистон ҳатто натиҷаи мусовӣ кофист.

Дар даври севуми мусобиқот 28-уми октябр Узбакистон бо Тоҷикистон ва Урдун бо Индонезия қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ҳарду бозӣ дар як вақт - соати 13 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бозиҳои гурӯҳҳои дигар бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: гурӯҳи В - Уммон – Сурия 0:1, Кореяи Шимолӣ - Эрон – 2:0, гурӯҳи C - Ҷопон – Вйетнам – 6:0, Австралия – Тимори Шарқӣ - 5:0, гурӯҳи D - АМА – Кувайт – 0:0, Ироқ – Чин – 2:0.

Ҳайати ширкаткунандагони мусобиқоти Осиё (U-16):

Гурӯҳи А
: Узбакистон, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Индонезия.
Гурӯҳи В: Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Уммон.
Гурӯҳи С: Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ, Вйетнам.
Гурӯҳи D: Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин, Кувайт.

Тақвими мусобиқот

24 октябр, якшанбе

15:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – Индонезия – 3:0
19:00, (Гурӯҳи A) – ТОҶИКИСТОН – Урдун – 1:1
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Уммон – 5:1
13:00, (Гурӯҳи B) Сурия – Кореяи Шимолӣ - 1:1

25 октябр, душанбе

15:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Вйетнам – 6:0
19:00, (Гурӯҳи C) Австралия – Тимори Шарқӣ - 5:0
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Кувайт – 0:0
13:00, (Гурӯҳи D) Ироқ – Чин – 2:0

26 октябр, сешанбе

19:00, (Гурӯҳи A) Индонезия – ТОҶИКИСТОН – 4:1
15:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Узбакистон – 0:0
13:00, (Гурӯҳи B) Уммон – Сурия – 0:1
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Эрон – 2:0

27 октябр, чоршанбе

19:00, (Гурӯҳи C) Вйетнам – Австралия
15:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Ҷопон
13:00, (Гурӯҳи D) Кувайт – Ироқ
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – АМА

28 октябр, панҷшанбе

13:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – ТОҶИКИСТОН
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Сурия
13:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Индонезия
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Уммон

29 октябр, ҷумъа

13:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Австралия
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Ироқ
13:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Вйетнам
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – Кувайт

1 ноябр, душанбе

15:00, Ғолиби гурӯҳи A – ҷои 2-юми Гурӯҳи B
19:00, Ғолиби Гурӯҳи B – ҷои 2-юми Гурӯҳи А
13:00, Ғолиби Гурӯҳи C – ҷои 2-юми Гурӯҳи D
17:00, Ғолиби Гурӯҳи D – ҷои 2-юми Гурӯҳи C

4 ноябр, панҷшанбе

14:00, Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 3
17:30, Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 4
7 ноябр, якшанбе
14:00, Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG