Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии ҷиноии Ироқ Ториқ Азиз, вазири хориҷа ва ноиби сарвазири вақт дар давлати Саддом Ҳусайнро ба эъдом аз роҳи ба дор овехтан маҳкум кард. Ҳамроҳ бо Ториқ Азиз боз 2 узви дигари давлати Саддом Ҳусайн ҳукми қатл гирифтанд. Додгоҳи Ироқ онҳоро дар таъқиби аҳзоби исломӣ дар даврони Саддом Ҳусайн муҷрим шинохт.

Ториқ Азиз аз мушовирон ва муовинони наздики диктатори собиқи Ироқ, ки низ ҳукми қатл гирифта эъдом шуд, маҳсуб мешуд. Аммо ӯ ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз суқути давлати Саддом дар моҳи апрели соли 2003 худро довталабона ба нерӯҳои Амрико таслим кард ва то ҳол бо иттиҳомоти мухталиф чандин бор дар додгоҳ муҳокима шудааст.

Ҳукми эъдом барои саркӯбии аҳзоби мазҳабии шиъа

Ҳукми Тариқ Азизро қозии аршади мурофиа Маҳмуд ал-Ҳасан қироат кард: “Маҳкама Ториқ Азизро тибқи банди 406-уми қонуни ҷиноии Ироқ аз соли 1969 маҳкум ба эъдом кард.”

Дирӯз дар додгоҳ ҳамроҳ бо Ториқ Азиз, вазири собиқи умури дохила ва раҳбари низ собиқи хадамоти иктишофии Ироқ Саъдун Шокир ва дабири собиқи Саддом Ҳусайн Обид Ҳамуд низ ҳукми қатл гирифтанд. Сухангӯи додгоҳ Муҳаммад Абдулсоҳиб гуфт, ҳар се бо ҷурми даст доштан дар саркӯбии аҳзоби мазҳабии шиъа дар солҳои 80 маҳкум шудаанд.

Дар аҳди Саддом Ҳусайн дар Ироқ, танҳо ҳизби "Баъс"-и ӯ иҷозаи фаъолият дошт. Аъзои ҷунбишҳои мухолифин ва аҳзоби исломие, чун ҳизби "Даъват"-и сарвазири кунунӣ Нурӣ Моликӣ кушта, ё зиндонӣ мешуданд ваё иҷборан тарки Ироқ мекарданд. Як иттиҳоми алайҳи Ториқ Азиз низ қатли муассиси ҳизби "Даъват" Боқир ал-Садр дар таърихи 5 апрели соли 1980 будааст.

Ҳукми эъдом ниҳоӣ нашудааст

Ҳукми эъдоми Ториқ Азиз ва ёрони ӯ ба сурати худкор мавриди бозбинии додгоҳи таҷдиди назар қарор мегирад. Ва аммо агар додгоҳи таҷдиди назар ҳам ҳукми эъдоми ин афродро таъйид кунад, ҳукми Ториқ Азиз, Саъдун Шокир ва Обид Ҳамуд бояд дар зарфи 30 рӯзи баъдаш иҷро шавад.

Фозилмуҳаммад Ҷавод, мушовири ҳуқуқии сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ мегӯяд, ҳар ҳукми қатл пеш аз иҷро бояд аз сӯи Шӯрои раёсатҷумҳурӣ низ тасвиб шавад:

“Ба ақидаи Додгоҳи федеролӣ, ҳукм бояд аз сӯи Шӯрои раёсатҷумҳурӣ ҳам таъйид шавад. Шӯро ин ҳукмро ҳанӯз тасвиб накардааст. Ва ҳукм то замони таъйид шуданаш аз ҷониби Шӯрои раёсатҷумҳурӣ дар ҳоли муаллақ боқӣ хоҳад монд.”

Ин алакай севвумин ҳукми Ториқ Азизи 74-сола аст. Ӯ соли гузашта бо ҷурми муҷозоти 42 тоҷир дар соли 1992 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Сипас бо ҷурми даст доштан дар бадарға кардани курдҳо аз шимоли Ироқ дар аҳди Саддом Ҳусайн боз 7 соли дигар ҳукми зиндон гирифт. Ҳарчанд, ки ӯ ҳеҷ яке аз ин иттиҳомотро эътироф накардааст.

Зиёд, фарзанди Ториқ Азиз, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар Урдун ба сар мебарад, низ ҳукми додгоҳро “интиқомҷӯӣ аз ҳар касу ҳар чизе, ки бо гузашта рабт мегирад” унвон кардааст.

Зиёд Азиз ва ҳамин тавр, Бадеъ Иззат Ориф, вакили мудофеъи Ториқ Азиз дар Урдун ҳукми ахирро бо нашри 400 000 санади ҷанги Ироқ аз сӯи сомонаи моҷароҷӯи "Wikileaks" низ бастагӣ медиҳанд. Ба бовари Ориф, давлати Ироқ бо судури ин ҳукми пурсарусадо мехоҳад таваҷҷӯҳро аз он асноди нашршуда ба як самти дигар гардонад. Ӯ ҳукми додгоҳро ҳамчунин як ҳукми ғайримунтазира номид.

“Аз нигоҳи қонунӣ, ин ҳукм беш аз ҳадд сангину беинсофона аст. Ва мо мутлақан мунтазири чунин ҳукм набудем. Ман аз худи Ториқ Азиз як паёми шифоҳӣ гирифтам ва худи аъзои додгоҳ ҳам мегӯянд, ки эълони ҳукм, Ториқ Азизро дар ҳоли шок андохт.”

Танҳо узви масеҳибазҳаби давлати Саддом

Ториқ Азиз, танҳо узви масеҳимазҳаби давлати Саддом Ҳусайн, соли 1983 вазири хориҷаи Ироқ ва соли 1991 дар пайи шӯҳрат ёфтанаш ҳамчун раҳбари идораи сиёсати хориҷии давлати Саддом муовини сарвазир таъйин шуд.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2003, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ишғоли Бағдод худро ба дасти нерӯҳои Амрико супурд. Дар соли 2006, Ториқ Азиз дар додгоҳ Саддом Ҳусайнро дӯст ва раисиҷумҳури худ номид ва аз ӯ ҳимоят кард. Вале дар моҳи августи соли ҷорӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “Guardian”, Ториқ Азиз гуфт, ҳамаи тасмимҳоро дар он аҳд худи Саддом Ҳусейн мегирифт ва ӯ танҳо дар як мақоми сиёсӣ буд ва набояд ба даст доштан дар ҷиноёти он режим айбдор шавад.

Ӯ дар ин сӯҳбат гуфтааст, ҳарчанд роҳи умраш орӣ аз иштибоҳ набуд, вале ҳама ормони ӯ дар зиндагӣ хидмат ба Ироқ буд ва ӯ аз роҳи зиндагии худ ифтихор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG