Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни вабо дар Ҳаитӣ меафзояд


Шумори қурбониёни вабо дар Ҳаитӣ ба 300 наздик мешавад. Мақомоти беҳдоштии ин кишвари ҳавзаи Кариб хабар доданд, ки бо ҳалокати 25 тани дигар аз ин бемории сироятӣ шумори қурбониён ба 284 нафар расида, ҷамъи гирифторон болиғ аз 3600 нафар шудааст. Бемории вабо дар ин кишвар, ки дар пайи заминларзаи пурқурбониву пурхисораи моҳи январ беш аз 1 миллион сокинаш дар пойтахт – Порт-о-Пренс - то ҳол дар хаймаҳо ба сар мебаранд, як ҳафта қабл буруз кард.
XS
SM
MD
LG