Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ.Клинтон: "Мушкили Амрико нирӯгоҳи Бушаҳр нест"


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон такроран гуфт, ки Вошингтон бо нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон, ки Русия дар Бушаҳр месозад, мушкиле надорад. Хонум Клинтон гуфт, мушкили Амрико бо корхонаҳое, чун Натанз ва таъсисоти махфии ҳастаии Эрон дар Қум ва манотиқи дигар аст. Амрико бар ин бовар аст, ки Эрон дар ин таъсисот барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро пеш мебарад. Эрон ин иддаоро радд мекунад.
Эрон дирӯз хабар дод, ки ба сӯхтрезии нирӯгоҳи Бушаҳр пардохтааст. Интизор меравад, ин нирӯгоҳ аз аввали соли 2011 ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG