Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико "халта-халта" пул доданаш ба Карзайро радд кард


Кохи Сафед иддаои раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар мавриди дар баробари Эрон аз Амрико ҳам халта-халта” пул гирифтани Кобулро радд кард. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, маъмурияти Барак Обама дар ин “тиҷорати халтаҳои бузурги пули нақд даст надорад", балкӣ Амрико кумакҳояш ба давлати Афғонистонро тавассути барномаи одилона рехташудаи рушди он кишвар мерасонад.
Гиббс аммо афзуд, пиромуни дар ироаи пулҳои нақд ба мақомоти афғон даст доштани ожонсиҳои давлатии Амрико комилан мутмаин нест. Карзай рӯзи душанбе тайи солиён аз Эрон миллионҳо доллар пул гирифтани дафтарашро эътироф кард, вале гуфт, Вошингтон низ ба ӯ ҳамин гуна “халта-халта” пул медод. Эрон дирӯз ироаи кумакҳояш ба Афғонистонро тасдиқ кард, вале гуфт, ин пулҳо ба манзури эъмори муҷаддади он кишвари ҷангзада буд, на ба хотири харидани нуфуз бар Карзай.
XS
SM
MD
LG