Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амано аз Эрон ба иқдомҳои мушаххас


Раиси Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ, идораи вобаста ба СММ, Эронро ба иқдом ҷиҳати таскин додани нигарониҳои байналмилалӣ пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш даъват кард. Юкия Амано гуфт, Ожонси ҳастаӣ аз Эрон дар роҳи иҷрои комили ӯҳдадориҳояш иқдомоти мушаххас ва тадобири мушаххас мехоҳад.
6 қудрати ҷаҳонӣ азсаргирии музокирот бо Эрон ва ба рӯи нозирони Ожонси ҳастаӣ комилан боз кардани барномаҳои ҳастаияш дар ивази имтиёзҳои тиҷориву дипломатиро пешниҳод кардаанд. Эрон то ҳол ба ин пешниҳод посухи расмӣ надодааст.
Эрон дирӯз хабар дод, ки ба сӯхтрезии нахустин нирӯгоҳи ҳастаияш дар Бушаҳр, ки бо кумаки Русия сохта мешавад, пардохтааст. Таъмини сӯхтяк гоми калидӣ дар роҳи фаъол кардани ин нирӯгоҳ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG