Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тариқ Азиз ба қатл маҳкум шуд


Додгоҳи олии ҷиноии Ироқ Тариқ Азиз, ноиби собиқи сарвазир ва вазири низ пешини хориҷаи ин кишварро ҳамроҳ бо 2 узви аршади дигари давлати вақти Саддом Ҳусайн бо ҷурми саркӯбии аҳзоби исломӣ ба эъдом аз роҳи ба дор овехтан маҳкум кард. Қозии аршади мурофиа Маҳмуд ал-Ҳасан гуфт, ин се нафар тибқи қонуни ҷиноии 41 сол қабл таҳияшуда маҳкум ба қатл мешаванд. САДО
Тариқ Азизи масеҳимазҳаб, ки феълан 74 сол дорад, соли 1983 вазири хориҷа ва соли 1991 ноиби сарвазири Ироқ таъйин шуд. Ӯ моҳи апрели соли 2003, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз суқути давлати Саддом Ҳусайн худро ба нирӯҳои Амрико таслим кард.
Додгоҳҳои Ироқ қаблан ӯро бо ҷароими дигар ба 15 ва 7 соли зиндон маҳкум карда буданд.
XS
SM
MD
LG