Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллати масдуд шудани сомонаҳо тахриби ноқил буд?


Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, иллати масдуд шудани дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ дар кишвар фаннист. Раҳманалӣ Ҳасанов, мудири идораи алоқаи ин вазорат гуфт, як ноқил тахриб шудааст, ки ба зудӣ барқарораш хоҳанд кард.
Дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии avesta.tj, tojnews.tj, tjknews.com, ferghana. ru ва centrasia.ru дар Тоҷикистон аз 29 сентябр масдуд шудааст. Масъулини сомонаҳо ва созмонҳои дифоъ аз матбуот масдуд шудани сомонаҳои мунтақиди давлатро бо амалиёти ахири алайҳи гурӯҳҳои шӯришӣ дар водии Рашт бастагӣ дода, ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG