Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лимити барқ имсол аз 12 соат кам нахоҳад шуд


Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, лимити нирӯи барқ дар зимистони имсол аз 12 соат дар шабонарӯз камтар нахоҳад шуд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли мақомоти ин вазорат навишт, ки назар ба соли гузашта пуртар шудани обанбори нирӯгоҳҳои Нораку Қайроқум ва комилан пур шудани обанбори нирӯгоҳи аввали Сангтӯда имкони тавлиди нирӯи барқи бештарро фароҳам кардааст. Ба гуфтаи манобеъи “Азия Плюс”, дар соли оянда дар пайи ба кор андохтани нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда вазъи таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои кишвар бо нирӯи барқ дар фасли сармо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Лимити нирӯи барқ дар рустоҳои Тоҷикистон аз 1 октбяр ҷорӣ шуда, феълан 11 соат дар шабонарӯзро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG