Пайвандҳои дастрасӣ

Аз кор мондани 7 бозори умдафурӯшии Кӯлоб


Дар рӯзҳои истироҳат ҳеҷ кадом аз 7 бозори умдафурӯшии шаҳри Кӯлоб кор накардааст. Узви куммиссиюни маҷлиси шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Ҳасанов ба ношири ин хабар, хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, далели баста шудани ин 7 бозор адами шароити муносиб ҳам барои фурӯшандагон ва ҳам барои харидорон дар ин бозорҳост. Оқои Ҳасанов бавижа таъмини амнияти зидди сӯхторро дар бозорҳои умдафурӯшии шаҳр нигаронкунанда ба қалам додааст. Ба тоҷирони умдафурӯш пешниҳод шудааст, ки моли худро дар бозорҳои “Саховат”, “Сахӣ” ва “Истиқлол”-и шаҳри Кӯлоб ба фурӯш гузоранд. Сармеъмори Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов гуфта, ки ба соҳибкорон тарҳҳои мухталифи бозорҳои муосир пешниҳод шудааст, ки бояд ба ҷои бозорҳои қаблӣ дар ин шаҳр қомат биафрозанд.
XS
SM
MD
LG