Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 736 мавриди фасод дар соли ҷорӣ


Фаттоҳ Саидов, раҳбари Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, имсол дар кишвар 736 мавриди фасод сабт шуда, чунин ҷиноёт бештар дар соҳоти маориф, энержӣ, саноат, ҳифзи сиҳҳат, кишоварзӣ ва нақлиёту мухобирот мушоҳида шудааст. Оқои Саидов гуфт, бархе ходимони интизмоиву додгоҳӣ, ки мубориза бо фасод вазифаи онҳост, худ бо чунин ҷиноёт ба даст афтоданд. Ӯ аз ҷумла хабар дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 33 корманди милиса, 5 корманди додситонӣ, 10 маъмури гумруку молиёт ва 4 ходими додгоҳ ба фасод муттаҳам шудаанд. Созмони Транспаренсӣ Интернешнал дар раддабандии имсолааш, ки дирӯз нашр шуд, Тоҷикистонро аз лиҳози фасод дар байни 178 кишвар дар мақоми 154-ум ҷой додааст.
XS
SM
MD
LG