Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии нашрияҳои мустақил аз сафирони хориҷӣ


Сардабирони ҳафтаномаи мустақили «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» зимни мулоқот бо сафирони кишварҳои Аврупо дар Душанбе аз онҳо хостаанд, ки дар роҳи ҳалли мушкили ба нашр нарасидани ин ҳафтаномаҳо кумак кунанд.

Ба гуфтаи масъулини ин нашрияҳо, сафирони кишварҳои Аврупо базудӣ мавқеи худро дар робита ба мушкилоти рӯзномаҳо рӯшан хоҳанд кард.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» гуфт, онҳо мулоқотҳоеро бо сафири Амрико ва Бритониёи Кабир анҷом доданд ва умедворанд, ки онҳо ба қазияи манъи чопи нашрияҳо расидагӣ кунанд.

Рӯзи сешанбе Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ нигаронии худро аз фишор рӯи нашрияҳои озод баён дошт ва ҳушдор дод, ки идомаи маҳдудсозиҳои нашрияҳои мустақил ба обрӯи Тоҷикистон дар миқёси байнулмилалӣ латма ворид хоҳад кард. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб, ин фишорҳоро хилофи Қонуни асосӣ унвон кард ва гуфт Сарқонун сензураро чун як шакли маҳдуд кардани озодии сухан бекор кардааст.

Посухи мусбати Кумитаи амният ба расонаҳо

Аммо Зафар Абдуллоев, масъули сомонаи «Авеста», мегӯяд, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба муроҷиатномаи рӯзноманигорон дар чаҳорчӯби «Кумитаи 29 сентябр» дар мавриди ҷанбаҳои амниятии кори торнамоҳои нашрияҳо посухи мусбат дарёфт додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, Кумитаи амнияти миллӣ гуфтааст, ки дар фаъолияти ин расонаҳо ҳеҷ суоле ва таҳдиде ба амнияти кишвар вуҷуд надорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, низ мегӯяд, дар заминаи баста шудани якчанд сомона ва чоп нашудани нашрияҳои мустақил аз Омбудсмени кишвар Зариф Ализода кӯмак хостааст. Қаршибоев ҳамзамон меафзояд, ӯ дар ин ҳафта ҳеҷ тамоюли мусбатеро дар фазои матбуоти мустақил мушоҳида накардааст.

Вале масъулони нашрияҳо ба ин боваранд, ки танҳо мусоидати президент метавонад ба вазъи пешомада дигаргуние ворид кунад. Аз ин рӯ рӯзноманигорон ва масъулони созмонҳои журналистии Тоҷикистон як муроҷиатномаеро унвонии унвонии президент Раҳмон омода кардаанд ва ҳоло дар садади ҷамъоварии имзоҳои ҳамкасбон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG