Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳодҳои интизомии Хатлон мегӯянд, тайи як соли ахир аз 22 ҷинояти экстремистӣ дар вилоят ҷилавгирӣ кардаанд. Ҳудуди 40 нафари дигари гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои, ба гуфтаи мақомот, ифротгаро таҳти пайгард қарор доранд.

Ҳарчанд мақомот аз шарҳи ҷиноёти гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ мекунанд, мегӯянд, дастандаркорони он аксаран қасди «бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон»-ро доштаанд.

Дар робита ба ин ҳаводис аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон алайҳи 8 узв ва пайрави ҳаракату созмонҳои, ба истилоҳи мақомот, «ифротгароӣ» 7 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон оид ба назорати кори мақомоти амнияти миллӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт:

«Ин парвандаҳо дар давоми соли 2010-ум кушода шудаанд ва се парвандаи ҷиноятӣ аллакай ба суд рафтааст. Таҳқиқи дигар парвандаҳо аз ҷониби муфаттишон идома дорад. Дар миёни афроди боздоштшуда як шаҳрванди ҷумҳурии Узбакистон ҳам ҳаст, ки ба узвият дар «Ҳизбуттаҳрир» муттаҳам дониста мешавад. Додситонӣ ҳоло ба тафтиши парвандаи мазкур машғул аст, зимнан, ҳуввияти нафари гумонбар ифшо намешавад…»

Парвандаҳои Ҷамоаи таблиғ, Салафия ва ҲИУ

Аз ҷамъи ин 7 парванда додситонӣ се парвандаи марбут ба аъзои созмони мамнӯъи «Ҷамоаи таблиғ»-ро барои баррасӣ ба додгоҳҳо фиристодааст.

Мурофиаи додгоҳии Зафар Каримов, ки ба узвияти «Ҷамоаи таблиғ» муттаҳам дониста мешуд, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Данғара ба итмом расида, вай ба пардохти 25 ҳазор сомонӣ ҷарима, ки муодили беш аз 5,5 ҳазор доллари амрикоист, маҳкум шудааст.

Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Субҳон Шарифов ва Ҳидоятулло Давлатов, ки низ аз сӯйи додситонӣ аъзои «Ҷамоаи таблиғ» дониста мешаванд, ҳоло дар додгоҳи шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад.

Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин феълан ба таҳқиқи ду парвандаи марбут ба аъзои ҷараёни мамнӯъшудаи Салафия ва як пайрави Ҳаракати исломии Узбакистон сарукор доранд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили амниятӣ мегӯянд, ба фарқ аз вилояти Суғди Тоҷикистон, Ҳаракати исломии Узбакистон дар қаламрави вилояти Хатлон фаъолияти чандон густурдае надорад. То ҳанӯз ҲИУ дар содиршавии ҷиноятҳои мудҳишу чашмраси ифротгароие дар қаламрави вилояти Хатлон масъулият ба дӯш нагирифтааст.

Ҷустуҷӯи пайравони Маҳмуд Худойбердиев

Таҳлилгари маҳаллӣ Ясриби Каримзод мегӯяд, ҳоло ҷомеаи шаҳрвандии Хатлон бештар аз пайравони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, ки низ аз ҷониби мақомот «террорист» хонда мешаванд ва робитаи онҳо бо Ҳаракати исломии Узбакистон, сӯҳбат мекунад:

«Азбаски мардуми маҳаллӣ дар гузашта шоҳиди амалиётҳои тахрибкории зиёд шудаанд ва мақомот дар ин амалиёт полковники балвогар Худойбердиевро айбдор мекунанд, ҳоло мардум бештар дар ҳамин бораҳо сӯҳбат мекунанд ва баъзан аъзо ё ҷонибдори гурӯҳи ӯро ҳам ба узвияти ҲИУ рабт медиҳанд. Масалан, имсол, ки аз боздошти 5 узви гурӯҳи Худойбердиев дар Хатлон хабар дода шуд, ҳар вақте аз гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, гап кушода шавад, ҳамин мисолро пеш меоранд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар фурудгоҳи байналмилалӣ ва истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа таблоҳои азиме бо акси афроди мавриди пайгард қарордошта овезон аст. Зери исми тақрибан 40 акс гуфта мешавад, ки онҳо ба гумони узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон ҷустуҷӯ мешаванд.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори шӯъбаи умури дохилии Хатлон
Хатари Ҳаракати исломии Узбакистон


Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегӯяд, фаъолият ва умури таблиғотии Ҳаракати исломии Узбакистон феълан аз Покистон идора шуда, дар кишварҳои минтақа асосан шаҳрвандони нодору ниёзманд ба узвияти ин созмони мамнӯъ ҷалб мешудаанд:

«Аз ҳар давлат, ба ҳар восита, ҳамон одамоне, ки сустиродаанд, майл ба содир кардани ҷиноят доранд, махсусан ҷинояткороне, ки дар кофтуков қарор доранд, даъват ба амал бурда, бо маблағҳои ночиз аввал мутеъи худ мегардонанд. Ба онҳо ҳамон дастурамалу «оиннома»-и ҳаракати реаксионии худро меомӯзонанд. Баъд онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ, содир кардани амалиёти тахрибкорӣ, қасос гирифтан ва ҷиноёти монанд ба ин, ба давлатҳои мавриди назарашон ба ҳар роҳу восита ворид месозанд. Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҳақиқат гурӯҳи террористию муташаккил аст…»

Мақомоти милисаи Хатлон бо таъкид ба хавфнокии кору фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон, аз сокинони маҳаллӣ дархост мекунанд, ки дар ифшои маҳалли будубош ва фаъолияти аъзо ва ҷонибдорони ин созмони мамнӯъшуда ба ниҳодҳои қудратӣ кӯмак расонанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон Ҳаракати исломии Узбакистонро дар содир кардани силсилаи амалиёти тахрибкорӣ муттаҳам медонанд, аз ҷумла дар ҳамлаи террористӣ ба сохтмони раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар шаҳри Хуҷанд ва шабехуни дараи Камароб, ки бо марги 26 афсару сарбози вазорати дифоъ анҷомид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG