Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Индонезӣ ҷасадҳои қурбониён ошкор шуданд


Мақомоти Индонезӣ бо такя ба иттилоъи ахир гуфтанд, ки бар асари заминларзаи мудҳиш ва сунамӣ дар чанд ҷазира дасти кам 113 нафар ба ҳалокат расида, теъдоди зиёди одамон то ҳанӯз беному нишонанд. Имрӯз наҷотбахшон теъдоди зиёди ҷасадҳоро ошкор карданд. Заминларзаи нерӯяш 7,7 дараҷаи Рихтер шоми рӯзи душанбе дар соҳилҳои ҷазираҳои Ментаваӣ, воқеъ дар ғарби ҷазираи Суматра, рӯх дод. Мавҷҳои бузург ду деҳаи соҳилро комилан хароб карданд. Дар уқёнуси Ҳинд ҷустуҷӯи як киштӣ бо даҳ сайёҳ аз Австралия идома дорад, ки робита бо он баъд аз заминларза қатъ шудааст.
Моҳи декабри соли 2004 бар асари заминларза ва сунамӣ дар ҷазираи Суматра беш аз 226 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG