Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати хонуми Лю Сяобо аз дигарандешони чиноӣ


Лю Ся, ҳамсари барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Лю Сяобо, аз дӯстону ҳаммаслакони шавҳараш даъват кард, ки дар маросими супурдани ҷоиза ширкат намояд. Маросим 10 декабр дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия, баргузор мешавад. Дигарандеши маъруф Лю Сяобо аз сӯи додгоҳи Чин ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст ва Пекин даъватҳо барои аз маҳбас раҳо кардани ӯро нодида мегирад.
Дар номаи саркушода дар як сомонаи интернетии муҳоҷирони чиноӣ Лю Ся гуфтааст, ки ӯ имкони ширкат дар маросими супурдани ҷоизаро надорад, зеро баъди барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шудани шавҳараш ӯ таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.
Ду бародари Лю Сяобо изҳор намуданд, ки дар сурати дар маросим ҳозир нашудани Лю Ся онҳо омодаанд аз номи бародарашон ҷоизаро қабул кунанд. Онҳо ҳамчунин аз сарони кишварҳои олам даъват намуданд, ки фишор болои Чин барои раҳоии барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобелро афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG