Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Маскав ба миллатгароҳо иҷозаи раҳпаймоӣ дод


Шаҳрдории Маскав ба гурӯҳҳои миллатгаро барои баргузории раҳпаймоии “Русский марш” дар рӯзи 4 ноябр иҷоза дод. Яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш ва раҳбари созмони мамнӯъи “Славянский союз” Дмитрий Демушкин гуфт, ки раҳпаймоӣ аз истгоҳи метрои “Люблино” шурӯъ шуда дар майдони Сарбози Ватан поён меёбад. Ӯ афзуд, ки дар ин раҳпаймоӣ тақрибан 10 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард.
Миллатгароҳо ва гурӯҳҳои нажодпарасти Русия ҳар сол талош мекарданд, ки рӯзи 4 ноябр раҳпаймоӣ доир намоянд ва аммо шаҳрдорӣ монеъ мешуд. Гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозаи онҳо ҳар сол бо бархӯрд бо кормандони полис ва боздошти миллатгароҳои рус анҷом меёфт

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG