Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коррупсия домани Тоҷикистонро раҳо намекунад?


Созмони Шаффофияти байналмилал ё Transparency International дар гузориши тозанашри худ дар бораи мизони фасод дар ҷаҳон мегӯяд, вазъи коррупсия дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир бетағйир боқӣ мондааст.

Аз миёни 178 кишвари мавриди пажӯҳиши ин созмон Тоҷикистон дар мавқеи 154-уми ин феҳраст, дар як зина бо Русия қарор гирифтааст.

«Мавқеи хеле бад»-и Тоҷикистон

Миклош Маршал, раҳбари ин созмон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мавқеи Тоҷикистон хеле бад буда” исми он дар миёни кишварҳои дорои бадтарин нишондодҳо зикр мешавад:

“Бардошти соҳибкороне, ки дар бахши хусусии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, хеле бад аст. Пайғоми онҳо ин аст, ки бахши хусусии Тоҷикистон ба таври доимиву амиқ фасодзада мебошад”.

Оқои Маршал мегӯяд, пажӯҳишҳои чандинсолаи пайдарҳами онҳо собит кардааст, ки вазъи фасод дар ин кишвар тағйир наёфтааст ва аз дасти “ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам барои тағйири вазъ” коре намеояд. Аз ин хотир созмони Transparency International имсол аз нашри таҳлили мизони фасод дар Тоҷикистон худдорӣ кардааст.

Ришватхорӣ ба меъёр табдил мешавад

Миклош Маршал, намояндаи созмони Transparency International мегӯяд, фасодкорӣ дар Тоҷикистон ба меъёр табдил ёфтааст
Бино ба маълумоти ин созмон, ришвату фасод на ба як падида, балки “ба як меъёр” дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст ва бидуни ришваву пора ҳоло пешбурди ҳеҷ коре дар ин кишвар имкон надорад.

Ҷаноби Маршал гуфт, мизони олудагӣ ба фасод дар Ӯзбакистон ё Туркманистон нисбатан бадтар назар ба Тоҷикистон буда, дар Озарбойҷон, Украина ва Гурҷистон вазъ андак беҳтар ба назар мерасад.

“Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои шадидан фасодзада ва аз ин назар хатарнок дар иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин бора дар гузориши мо ҳам таъкид мешавад, ки хеле нороҳаткунанда аст. Сабаби олудагии кишварҳои собиқ шӯравӣ ба фасод дар он аст, ки аксари онҳо ҳамоно ба демократияи воқеӣ даст наёфтаанд. Дар ин ҷомеаҳо қонун ҳукмрон набуда, инчунин иқтисоди бозаргонӣ воқеан амалкунанда нест. Ба ибораи дигар, иқтисоди соягӣ ҳамоно нақши хеле муҳим мебозад”.


Вай афзуд, вуҷуди мушкилоти бунёдӣ дар ин ҷомеаҳо, аз ҷумла набуди амнияти комил ва мустақил набудани низоми додгустарӣ боиси афзоиш ва тавсеаи фасод мешавад.

Талошҳои номуассири мубориза бо фасод

Чанд сол пеш дар Тоҷикистон Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ таъсис шуд, ки машғули таҳқиқи мавридҳои ришваситониву фасодкорӣ дар кишвар аст.

Рӯзи сешанбе раиси ин оҷонс Фаттоҳ Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар паи таҳқиқи беш аз 800 мавриди коррупсия маълум шудааст, ки 77,7 миллион сомонӣ зиён расонда шудааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ҳар сол даҳҳо гузориш дар бораи ҳодисаҳои боздошту муҷозоти ришватхорон нашр мекунад, аммо аксари таҳлилгарон ва расонаҳо фаъолияти ин ниҳодро номуассир унвон мекунанд ва мегӯянд, оҷонс аксаран кормандони зинаҳои поёни сохторҳои давлатӣ, омӯзгорон, пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро айбдор мекунад, вале бо мақомдорони сатҳи боло сару кор намегирад.

Миклош Маршал дар ин бора гуфт: “Оҷонси зидди фасод бояд қудрати хеле қавӣ дошта бошад. Он бояд ҳақи таҳқиқи раҳбарони баландпояро дошта бошад. Таҷрибаи мо дар Осиёи Марказӣ нишон дод, ки ин гуна сохторҳои зиддикоррупсия дар минтақа қудрати зиёд надоранд. Кори таъсиси як комиссиюн ё оҷонсӣ душвор нест, кори сахт мубориза бо фасод аст. Мушкили Тоҷикистон ин аст, ки ин ниҳод дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мустақил набудааст”.

Чӣ бояд кард?

Аз нигоҳи аксар таҳлилгарон, фасоду ришват бештар дар он ҷомеаҳое ба таври густарда реша давондааст, ки дар ҳолати хеле амиқи фақру нодорӣ ба сар мебаранд.

Миклош Маршал мегӯяд, ки барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон низоми мудирият бояд ислоҳ шавад. “Фасод як бахши системаи давлатӣ аст ва мо набояд ҳамеша мардумро муттаҳам кунем”, мегӯяд ӯ. “Ин система аст, ки мардумро барои ришвахорӣ водор мекунад”.

Барои дастёбӣ ба як натиҷаи дилхоҳ дар баробари ислоҳи низом ва иродаи сиёсии раҳбарони кишвар, мегӯяд вай, боз талоши амалӣ дар роҳи “решаканкунии фасод аз хулқу хӯи аъзои ҷомеа” бояд ба харҷ дода шавад, тавре дар мисоли ҷумҳуриҳои назди Балтик ва Гурҷистон дидан мумкин аст.

Мушкили Тоҷикистон дар ношаффоф ва баста будани ҷомеа ва дар дасти гурӯҳҳои муайян тамарзкуз ёфтани қудрат аст, ки мубориза бо фасодро ҳам аз ин ҷиҳат ноком мекунад, гуфт масъули Созмони Шаффофияти байнулмилал.
XS
SM
MD
LG