Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Кобул


Имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон ширкат намуданд. Ба иттилоъи сомонаи интернетии president.tj, бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 1 гектар замин дар минтақаи “Вазир Акбархон”-и Кобул ҷойгир шудааст. Маҷмааи дипломатӣ аз бинои сафоратхона, бинои истиқоматии сеошёна бо 12 хонаи сеҳуҷрагӣ, бинои консулгарӣ ва иморати пазироии меҳмонони расмӣ иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳамчунин дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон консулгарӣ дорад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, моҳҳои наздик дар яке аз шаҳрҳои ҷануби Афғонистон боз як консулгарии кишвар ифтитоҳ мешавад.
Сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG