Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 32 нафар дар заминларза дар Индонезӣ


Мақомоти Индонезӣ ҳалокати 32 нафар бар асари заминларзаи мудҳиш ва сунамиро таъйид карданд. Гуфта мешавад, ки беш аз 150 нафар, асосан занону кӯдакон, то ҳанӯз беному нишонанд. Заминларзаи нерӯяш 7,7 дараҷаи Рихтер шоми рӯзи душанбе дар соҳилҳои ҷазираҳои Ментаваӣ, воқеъ дар ғарби ҷазираи Суматра, рӯх дод. Мавҷҳои бузурги семетрӣ ду деҳаи соҳилро хароб карданд.
Дар уқёнуси Ҳинд гурӯҳҳои наҷотбахш ҷустуҷӯи як киштӣ бо даҳ сайёҳ аз Австралияро идома медиҳанд, ки робита бо он баъд аз заминларза қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG