Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати маъруфтарин ҳаштпои олам


Соҳибони аквариум дар шаҳри Оберхаузени Олмон аз ҳалокати ҳаштпо Паул хабар доданд. Ин ҳаштпо дар рӯзҳои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Африқои ҷанубӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда буд. Паул натоиҷи ҳамаи ҳашт бозӣ бо ширкати дастаи Олмонро пешгӯӣ кард. Ӯ ҳар дафъа аз ду қуттӣ бо маводи ғазо, ки дар онҳо парчами кишварҳо насб шуда буд, қуттӣ бо парчами кишвари пирӯз дар бозиро интихоб мекард. Ҳаштпо ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми ҷаҳон дастаи Испания аз болои дастаи Ҳуланд пирӯз мешавад.
Дар бораи сабабҳои ҳалокати ҳаштпо Паул иттилоъ дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG