Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TI: Фасод дар Русияву Тоҷикистон густариш ёфтааст


Русия дар феҳристи кишварҳои фасодзадаи олам, ки аз сӯи созмони Transparency International (TI) таҳия шудааст, дар мақоми 154-ум қарор гирифт. Ба ин феҳрист дар маҷмӯъ 178 кишвар шомил шудаанд. Бар пояи иттилоъи Transparency International, Русия дар қиёс бо як соли пеш 8 зина поён рафтааст. Аз Русия поийнтар дар ин феҳрист кишварҳое чун Эрон, Зимбабве ва Мексика ҷой гирифтаанд.
Зимнан, Тоҷикистон ҳам дар ин феҳрист дар паҳлӯи Русия ва дар ҳамин мақом, яъне 154-ум ҷойгир шудааст. Миклош Маршал, раиси созмони Transparency International дар умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, "хабари бад барои Тоҷикистон ин аст, ки ин кишвар ба сафи мамолики нишондиҳандаҳояшон бадтарин шомил шудааст".
Феҳристи Transparency International бар пояи пурсиши коршиносон ва тоҷирону сармоядорони ин ё он кишвар таҳия мешавад ва афкори умум дар бораи сатҳи фасодзадагӣ дар сохторҳои давлатиро инъикос менамояд.
XS
SM
MD
LG