Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон кӯмак ба дафтари Карзайро иқрор кард


Теҳрон имрӯз иқрор кард, ки бо дархости раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба ин кишвари ҳамсоя кӯмаки молӣ кардааст. Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ки ин кӯмак "ба хотири эҳёи Афғонистон ва рафъи нигарониҳо аз вазъи бесубот дар кишвари ҳамсоя" ироа шудааст. Ва аммо Меҳмонпараст аз ошкор кардани маблағи кӯмак худдорӣ намуд.
Ҳомид Карзай дирӯз дар нишасти хабарӣ дар Кобул эътироф карда буд, ки мақомоти Афғонистон "дар ивази равобиташон ва ба хотири муносиботи байниҳамсоягӣ" аз Эрон кумаки молӣ хостааст. Ӯ афзуд, ки Кобул аз ин ба баъд низ "аз Эрон пули нақд кӯмак хоҳад хост". Ҳамзамон Карзай иддаоро дар бораи он ки ин маблағ пинҳонӣ ба мақомоти Афғонистон ироа мешуд, қатъӣ рад кард.
Филлип Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки "мо ҳаққи Эрон барои кӯмаки молӣ ба Афғонистон ва ҳамчунин ҳаққи Афғонистон барои дарёфти ин кӯмакро зери шубҳа намебарем. Ва аммо, аз нигоҳи мо, муҳим он аст, ки афғонҳо ояндаи худро бидуни таъсири манфӣ аз сӯи ҳамсояҳо муқаррар кунанд".
Ба навиштаи хабаргузориҳои ғарбӣ, Эрон ба дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамасола то 700 ҳазор евро кӯмаки молӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG