Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҳизби Сотсиал-демократ аз фишор ба матбуоти мустақил


Ҳизби Сотсиал-демократ, нигаронии худро аз фишор болои нашрияҳои озод баён доштааст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб, ин фишорҳоро хилофи Қонуни асосӣ унвон кард ва гуфт Сарқонун сензураро чун як шакли маҳдуд кардани озодии сухан бекор кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов гуфт, Шӯрои сиёсии ҲСДТ зимни баррасии вазъи фазои иттилоъотии кишвар аз монъеаҳо дар роҳи рушди матбуоти озод нигаронӣ кардааст.

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, ки борҳо ва бо баҳонаҳои мухталиф, воситаҳои ахбори оммаи мустақил сари вақт нашр намешаванд ва хонандаҳоро аз бақои демократия дар кишвар дилсард мекунанд:



Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, ин амал ба обрӯ ва нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ латма ворид мекунад ва кишварро дар радифи давлатҳои тоталитарӣ мегузорад. Ин амр, гуфт ҷаноби Ҳакимов, боиси коҳиш ёфтани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ мегардад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин баёния аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чун кафили Қонуни асосӣ ва арзишҳои демократӣ хостааст то ба мавзӯи пешомада дахолат намуда, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус расонаҳои хабарӣ, ожонсҳои иттилоърасонӣ як сӯҳбати ҷиддӣ доир намояд.

Дар ин баёния аз раиси ҷумҳурӣ дархост шудааст, ки шароити мусоидро барои рушди гуногунандешӣ дар ҷомеаи кишвар фароҳам намояд.

Нигаронӣ аз фишори афзоянда ба матбуоти мустақил

Cозмонҳои байналмиллалии дифоъ аз озодии матбуот низ дар ҳафтаҳои ахир борҳо ба ҳимоят аз нашрияҳои мустақил, ки дар Тоҷикистон зери фишор омадаанд, садо баланд карданд. 18-ӯми октябр Дуня Миатович-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар Венаи Австрия зимни номае ба Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз ташдиди фишор бар матбуоти мустақил изҳори нигаронӣ кард ва навишт:

"Бастани сафҳаҳои интернетӣ, чоп накардани нашрияҳо, тафтишҳои молиётӣ ва додситонӣ намунаи ҷиддии нақзи ӯҳдадориҳо дар бахши озодии воситаҳои ахбори умум аст, ки Тоҷикистон бо САҲА дорад".

Гузоришгарони бидуни марз марказаш дар Порис низ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистон дар зинаи 115 қарор дорад. Вале Элза Виттал-раиси бахши аврупоии ин марказ гуфт, гузориши онҳо то моҳи сентябрро дар бар мегирад ва вазъи озодии матбуот баъд аз он бадтар шудааст:

“Дар асл вазъи куллии озодии матбуот дар Тоҷикистон назар ба нишондодҳои индекси имрӯз нашршудаи ба маротиб бадтар аст, чунки мақомот чунин имкониятҳои фишорро истифода мекунанд, ки намояндагони матбуот барои ҳимояи худ ҳатто дар хориҷа пуштибон намеёбанд"

Музаффар Сулаймонов, масъули умури Осиёи Марказӣ дар Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк низ бо назардошти вазъи пешомада дар озодии матбуот дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин гуна изҳори назар кард:

“Созмони мо аз рӯйдодҳое, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар пасманзари низоъи мусаллаҳонае, ки дар шарқи ин кишвар мегузарад, яъне аз он мавҷи интиқодҳову фишорҳо болои матбуоти озод амиқан ба хашм омадааст. Мо умедвор ҳастем, ки муроҷиати журналистон ба унвонии мушовири президенти Тоҷикистон вокуниши муайян ба бор оварда пеши роҳи ҳамлаҳо ба расонаҳоро хоҳад гирифт. Ҳукумат бояд дарк кунад, ки расонаҳои мустақил дар тарафи онҳо истодаанд, журналист ҳақ дорад, ки савол диҳад ва ҳукуматро барои амалкардаш танқид кунад”.

Талош барои бақо

Дар дохили Тоҷикистон низ муассисони нашрияҳои мустақил ва созмонҳои дифоъ аз озодии матбуот вазъи пешомадаро хуб дарк мекунанд ва онҳо низ барои ҳимоят аз худ даст ба иқдом зананд. Онҳо рӯзи панҷшанбе, 21-ӯми октябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз ташкили "Кумитаи 29 сентябр" хабар доданд. Зафар Абдуллоев-раиси "Медиа-Алянс" ва муассиси хабаргузории "Авеста" дар бораи ҳадафҳои ин кумита чунин гуфт:

"Кумитаи 29- сентябр" барои он ташкил шудааст, ки сатҳи пешини озодии матбуотро барқарор кунад, озодиҳоеро, ки чанд соли ахир ё як соли ахир вуҷуд дошт. Вале ин озодиҳо ба шиддат дар як моҳи ахир маҳдуд шуд. Ҳадафи мо ин аст, ки нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дубора озодона чоп шаванд. Сафҳаҳои интернетии маҳаллӣ дубора боз шаванд ва монеа надошта бошанд. Парвандаҳои нотамоме, ки бар зидди баъзе нашрияҳои мустақил вуҷуд дорад, онҳо низ ҳали худро ёбанд".

Ба ин кумита кадом нашрияҳо ва созмонҳо даромадаанд? Нуриддин Қаршибоев яке дигар аз созмондиҳандагони "Кумитаи 29 сентябр" чунин мегӯяд:

"Ба ҳайати ин кумита нашрияҳое, ки имрӯз мушкилии чоп доранд, яъне раҳбарони нашрияҳои "Фараж", "Нигоҳ", "Пайкон", "Нури зиндагӣ", "Озодагон", "Азия-Плюс", созмонҳои рӯзноманигорӣ, аз қабили НАНСМИТ ва дафтари Ҳимояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шомил ҳастанд"

Дуня Миятович-намояндаи САҲА дар умури матбуот низ дар номаи худ ба вазири хориҷаи Тоҷикистон масъалаи нашрияҳои "Азия-Плюс", "Фараж", "Озодагон", "Пайкон" ва "Миллат"-ро матраҳ кард, ки бар зидди онҳо дар Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Эдуард Ауэр-раҳбари ҳайати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон низ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки мубориза бар зидди падидаҳои тундгароӣ дар Тоҷикистон набояд ба ҳуқуқи инсон ва озодии сухан асар гузорад.
XS
SM
MD
LG