Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаҳо алайҳи 20 домулло дар Хатлон


Мақомоти милисаи вилояти Хатлон аз ошкорсозии 20 мавриди фарогирии 189 ноболиғ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ифтитоҳи парвандаҳои маъмурӣ алайҳи домуллоҳои сабақдиҳанда хабар медиҳанд.

Сино, толибилми 10-солаи як мадрасаи хонагӣ дар ноҳияи Қубодиён аст, ки ҳамроҳ бо чанде аз кӯдакони ҳамдеҳааш дар он алифбои арабиасос ва рукнҳои исломро меомӯзанд.

Аммо Сино ва ҳамсабақонаш намехоҳанд дар рӯ ба рӯйи микрофон ҳатто сураҳои азбаркардаашонро қироат бикунанд, чун аз таъқиби мақомоти милиса меҳаросанд:

«Ман 13 сура аз Қуръони маҷид ва ҳадисҳои зиёде медонам, аммо намехоҳам онро қироат кунам. Зеро шумо садои маро сабт карда, боз ба дасти милиса насупоред, ки моро ҷанҷол мекунанд, шояд маҳкам кунанд.

- Магар ягон бор шуда, ки милиса хондани сураҳоро бароятон манъ кардааст?

- Не, милиса танҳо масҷид рафтан намемонад моро, масҷид ҷойи кӯдак нест. Мо танҳо баъди дарсҳои мактаб, бегоҳиҳо ба назди домулло хонданӣ меравем…»


Сино мегӯяд, вайро падараш барои таълими исломӣ дар назди домуллое ҳидоят кардааст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Сино ва ҳамсабақони дигараш кадом дастуре гирифтаанд, то аз ҳуввияти муаллими худ ва макони таълимашон ба касе чизе нагӯянд.

Ҳароси Сино ва ҳамсолони ӯ аз пинҳон доштани исми сабақдиҳандаи худ ва мавзеъи таълими исломиаш шояд сабаб дорад. Зеро дар чанд моҳи ахир, амалиёти ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон барои ошкорсозии ба истилоҳ, мадрасаҳои ғайрирасмии исломӣ, шиддат гирифтааст.

Ҷарима барои "таълими ғайриқонунӣ"

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон
Танҳо дар як ҳафтаи ахир 20 мавриди фарогирии 189 ноболиғ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ дар вилояти Хатлон ошкор шудааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, барои ба муҷозот кашидани мударрисоне, ки ба кӯдакон бидуни иҷозаномаи махсус таълими динӣ медодаанд, ба додгоҳ муроҷиат шудааст.

Вай афзуд, ин муллоҳо ва «нимчамуллоҳо»-ро бар асоси моддаи 474-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пардохти ҳазорҳо сомонӣ ҷарима ба сифати ҷазо интизор аст.

Ҷаноби Бузмаков дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди ин, ки чаро фаъолияти 20 «муаллими мадрасаҳои хонагӣ»-ро вай ғайриқонунӣ мешуморад, гуфт:

«Дар асоси оинномаи дин ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фақат шахсе метавонад ба додани маълумоти динӣ машғул шавад, ки дорои иҷозатномаи махсуси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар бошад, ҳамчунин бояд ризоияти падару модари толибилмон, иҷозаи ҳукумати ҳамон шаҳру ноҳияеро дошта бошад, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад ва низ Шӯрои уламои маҳаллӣ огоҳ бошад. Бояд таълимдиҳанда шаҳодатнома, сертификати фаъолият дошта бошад. Аммо мутаассифона, он ҳолатҳое, ки мо ошкор кардаем, бар хилофи ҳамин талаботҳо буданд…»

Сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, шумораи мактабҳои хонагии таълимоти динӣ бавижа дар навоҳии Қубодиёну Панҷ зиёд аст, ки кашфи 130 кӯдаки толибилм дар чунин таълимгоҳҳо гувоҳи ҳол аст.

Мақомот мегӯянд, таълим дар мадрасаҳои ғайрирасмии хонагӣ дар шароити бад ҷараён гирифта, мӯҳтавои дарсҳо низ барои мақомот норӯшан будааст.

Тақвияти тафтиши мударрисон

Эътибор Раҳмонова,сокини Қурғонтеппа
Шиддат гирифтани тафтишу санҷиши фаъолияти домуллоҳо аз ҷониби мақомот дар ин авохир бисёре аз сокинони маҳаллиро нигарон кардааст. Эътибор Раҳмонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, вай ва ҳамсараш мехостанд, ки фарзандони худро барои омӯзиши рукнҳои ислом ва аз бар кардани Каломуллоҳ ба назди домуллои маҳалла фиристанд. Аммо бинобар таъқиби ғайрирасмии домуллоҳо аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ва ба хотири амнияти фарзандон, хонум Раҳмонова тасмим гирифтааст, ки тоату ибодатро ба онҳо худаш таълим диҳад:

«Фарзандонам, ки яке дар синфи 7-ум ва дуввумӣ дар синфи 6-и мактаб мехонанд, дар хона боз таълимоти динӣ ҳам мегиранд. Ба онҳо намозро худам меомӯзонам, боз сураҳоро меомӯзонам. Ин ҳамааш барои ояндаи худашон, то ки аз илми динӣ ҳам бо хабар бошанд. Мо, албатта, намехоҳем, ки фарзандамон терорист шаванд, аммо бо ин баҳона манъ кардани онҳо аз таълимоти исломӣ ҳам дур уст нест…»

Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки бо вуҷуди часпу талоши мақомоти интизомӣ, ҳамоно уламои дин ба сурати ошкору пинҳон ба таълими кӯдакон идома хоҳанд дод. Зеро ба гуфтаи худи онҳо, бар асоси қавонини шариат ва фармудаҳои Худову Расули ӯ, ҳар як олими дин бояд донишҳои худро ба насли баъдӣ интиқол бидиҳад.

Азимҷон Ваҳҳобов, коршиноси масоили дин, мегӯяд, шароити мадрасаҳои расмии исломии Тоҷикистон ва низ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таълими ислом ба ҷавонони тоҷик нокофӣ буда, танҳо ҳудудан 5 то 10 дарсади ҷавонони толибилм аз чунин шароит бархурдоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи дин танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ сабтиноми 3 мадраса, 7 масҷиди ҷомеи марказӣ ва шуморе аз масҷидҳои панҷвақтаро ба далели “комил набудани аснодашон” рад кардаанд.

Таълими расмии дин - роҳи ҳалл?

Ба эътиқоди Азимҷон Ваҳҳобов, беҳтарин роҳи танзими вазъ, чӣ барои мақомоти ҳукумат ва чӣ барои уламои дину толибилмон, ин аст, ки дар макотиби расмии таҳсилоти ҳамагонӣ, таълимоти исломӣ роҳандозӣ шавад:

Азимҷон Ваҳҳобов,таҳлилгари умури мазҳабӣ
«Масалан, дар назди ҳар мактаб, ки дарси «маърифати исломӣ» омӯзонида мешавад, агар 1 ё 2 домуллои донишманд ба кор ҷалб карда шаванд, агар илми исломӣ бо таълимоти хубу мӯътадил ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шавад, агар дар мактабҳои миёна таълимоти Қуръон, дарсҳои ҳадис, фиқҳи Имоми Аъзамро роҳандозӣ кунем, фикр мекунам, ҳатто ҳамон муллоҳое, ки имрӯз дар хонаҳояшон дарс медиҳанд, аз ин кор даст бикашанд, чунки фарзандони мо озод ва ошкор таълим мегиранд ва низ ба пинҳонӣ, дар хонаҳо дарс додан ҳам намемонад…»


Бо ин ҳол, бисёре аз домуллоҳо мегӯянд, бо вуҷуди таъқиби мақомот ба таълими динии ҷавонону наврасон идома хоҳанд дод. Як домуллои солманд аз ноҳияи Бохтар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, чунин таълимоти исломӣ ҳатто дар замони Шӯравӣ дар манзилҳои шахсии уламои дин «пушти парда» сурат мегирифт ва мақомот наметавонистанд, бо фишору таъқибу «бадарғасозӣ»-ҳои олимони дин, идеологияи мазҳабии одамонро кунд кунанд.

Вай афзуд, ба таълимоти дини наврасон танҳо «дар роҳи ризои Худованд» ва ба таври ройгон машғул аст ва ҳич қасди роҳгум кардани насли навро надорад.
XS
SM
MD
LG