Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлатманди Хол, овозхони шинохтаи тоҷик имрӯз ба синни мубораки 60 мерасад. Ӯ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти вақти Кӯлоб ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ бо хондани таронаҳои мардумии “Фалак” маъруфият пайдо кард.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва раҳбари ансамбли давлатии “Фалак” Давлатманди Хол аз он бузургони майдони ҳунари тоҷик аст, ки тавонистааст шӯҳрати суруд ва мусиқии миллии тоҷикиро аз марзҳои Тоҷикистон хеле фаротар бубарад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Ва дар маҳофили форсизабони дунё ҳам хелеҳо Тоҷикистонрову мардуми тоҷикро бо таронаҳои Давлатманди Хол ва ё тавассути хонданҳои ӯ шинохтаанд.



Ба адвор(нота) даровардани таронаҳои “Фалак” маҳсули беш аз 20 сол заҳматҳои Давлатманди Хол аст, вале китоби адвори “Фалак” то ҳол нашр нашудааст.

Аммо устод бо чӣ ҳиссиёте чӣ рӯҳияе пой ба ин синни муборак мегузорад? Оё кадом барномаи хоси ҷашние барои имрӯз омода кардааст? Ва умуман аз зиндагӣ ва аз сарнавишти хонандагии худ то куҷо розист?



Давлатманди Хол аммо мегӯяд, тибқи қонуни танзими расму оин баргузории ҷашну зодрӯзҳо танҳо дар ҳалқаи хонавода иҷозат аст ва ӯ низ ҳамчун як шаҳрванди оддӣ кадом барномаи хосу бузурге барои рӯзи 60-солагиаш тарҳрезӣ накардааст, балкӣ ғолибан ин зодрӯзи худро танҳо дар ҳалқаи аҳли хонавода таҷлил хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG