Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико аз нуфузи Эрон дар Афғонистон


Филлип Кровлӣ,сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико

Филлип Кровлӣ,сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз эътироф кард, ки раҳбари дастгоҳи ӯ аз Эрон пули нақд мегирифт, вале гуфт, ин маблағ шаффоф ва навъе аз кӯмаки расмӣ буд. Карзай дар Кобул гуфт, ки Эрон солона ба дафтари ӯ барои анҷоми умури раёсатҷумҳурӣ садҳо ҳазор доллар кӯмак расонидааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши рӯзномаи амрикоии "The New York Times ", дафтари Карзай ҳар моҳ аз Эрон аз 1 то 2 миллион доллар кӯмак дарёфт мекард.

Нигаронӣ аз нақшии манфии Эрон дар Афғонистон

Вошингтон ҳарчанд ҳаққи Эрон барои кӯмак ба Афғонистонро эътироф кард, вале афзуд, нигарониҳое дар мавриди ин пулҳои ба Кобул пардохткардаи Эрон дорад.

Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар вокуниш ба гузоришҳои нашршуда дар бораи аз Эрон пул гирифтани дафтари Ҳомиди Карзай гуфт, Эрон, бидуни шакк, ҳаққи расондани кӯмак ба Афғонистонро дорад.

Аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Амрико дар бораи пулҳои пардохтаи Эрон нигарониҳое ҳам дорад ва мехоҳад, Афғонистон тавони бидуни таъсиру нуфузи ҳамсояҳояш таъйин кардани ояндаи худро дошта бошад.

“Мо ба ҳаққи Эрон ҷиҳати ироаи кумакҳои молӣ ба Афғонистон ва ҳам ба ҳаққи Афғонистон дар мавриди пазируфтани чунин кӯмакҳо шакке надорем. Ба назари мо, муҳим он аст, ки Афғонистон тавони сохтани ояндаи худ бидуни таъсири манфии ҳамсояҳояшро ба даст биорад.”

Рӯзи душанбе Ҳомиди Карзай дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гузориши ибтидо дар "The New York Times” нашршуда дар бораи аз Эрон пул гирифтани дафтарашро таъйид кард.

" The New York Times” дар шумораи рӯзи якшанбеаш навишт, ки раҳбари дафтари Карзай Умар Довудзай аз Эрон пайваста садҳо ҳазор доллар пули нақд мегирифт. Карзай дар посух гуфт, ки “бале, онҳо ба мо халта-халта пул медоданд ва мо барои ин аз эрониён сипосгузорем.”

Раҳбари Афғонистон афзуд, ки ӯ худ Умар Довудзай, сафири собиқи Кобул дар Теҳронро ба гирифтани ин пулҳо дастур додааст. Карзай гуфт, ин пулҳо “расман ва бо дастури ӯ” пардохт мешуд: "Мо дар ивази ин равобитамон ва ҳамин гуна дар муносиботи байниҳамсоягӣ бисёр чизҳо дархост кардаем ва он давом хоҳад кард ва мо ҳамчунин аз Эрон пули нақд кӯмак хоҳем хост".

“The New York Times” дар гузоришаш бо худдорӣ аз ифшои номи манобеъи худ навишт, ки пулҳои аз Эрон дарёфтшуда ба сандуқи махфие мерехт, ки Карзай ва Довудзай аз он ба вакилони парлумон, раҳбарони қабоил ва ҳатто ба бархе фармондеҳони Толибон пардохт мекарданд, то ҳимояти онҳоро ба даст биоранд ё ҳифз кунанд.

Эътирофи нақши Эрон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Амрико нақши Эрон ба ҳайси як кишвари ҳамҷавори Афғонистон дар таъмини рушди ин кишварро эътироф мекунад, вале суоли Вошингтон ин аст, ки ин пулҳои нақд то куҷо ба аҳдофи худи Теҳрон дар Афғонистон рабт мегирад.

“Мо мехоҳем худи давлати Афғонистон бигӯяд, ки кӯмакҳои молии аз кишварҳои дигар гирифтаашро чигуна масраф кардааст, вале бо таваҷҷӯҳ ба таърихи нақши нисбат ба ҳамсояҳояш ғайрисозандаи Эрон мо дар мавриди ғаразҳои Эрон нохушбин боқӣ мемонем. Мо умедворем, ки Эрон як нақши созанда дар эъмори ояндаи Афғонистонро бар дӯш бигирад.”

Мақомоти Амрико аз хеле муддатҳо дар мавриди равобити Кобул Теҳрон изҳори нигаронӣ мекарданд. Ин нигаронӣ асосан мабнӣ бар ин бовар буд, ки Эрон талош меварзад, талошҳои нерӯҳои эътилоф дар ҷанг алайҳи Толибонро барбод диҳад.

Дар гузашта, мақомоти паймони низомии НАТО, Эронро ҳатто ба таъмини молӣ ва таъмини силоҳ кардани аъзои ҷунбиши Толибон айбдор мекарданд.

Равобити Амрико бо Карзай ҳам тайи моҳҳои охир чандин бор дучори таниш шуд, ки ин лаҳни зиддиғарбии сӯҳбатҳои раҳбари Афғонистонро ҳамвора тундтар мекард. Дар моҳи апрел, бино ба хабарҳо, Карзай ҳатто таҳдид кардааст, ки агар ҷомеаи байналмилалӣ фишорро алайҳи давлати ӯ бо талаби ислоҳот қатъ накунад, ба Толибон хоҳад пайваст.

Карзай нагуфт, ки маблағҳои аз Эрон гирифтаро ба куҷо сарф кардаанд. Карзай фақат гуфт, ки ин маболиғ барои умури раёсатҷумҳурӣ масраф мешавад. Вале ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки Кобул ҳамин тавр аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аз Амрико ҳам “халта-халта” пул мегирифт ва мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG