Пайвандҳои дастрасӣ

Умар Хадрро дар ҷиноёти ҷанг муҷрим шинохтанд


Умар Хадр, як сарбози ноболиғи канадоӣ, ки дар синни 15-солагӣ аз сӯи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон боздошт шуда буд, бар асоси муомилаи додгоҳӣ ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг муҷрим шинохта шуд. Тибқи ин муомила, Умар Хадр аз таҳдиди ҳукми зиндони умрбод халос шуда, шояд барои адои ҳукмаш ба Канада таҳвил шавад.
Умар Хадр, ки феълан ба синни 24 расидааст, дар додгоҳи низомии Амрико дар пойгоҳи Гуантанамо ҳамкориаш бо Ал-Қоида ва даст доштани худ дар қатли як сарбози амрикоӣ дар як задухӯрди 8 сол пеш дар Афғонистонро иқрор кард.
Ҷузъиёти муомила дастрас нест, вале ин зодаи Торонтои Канада шояд бар иловаи он 8 соле, ки алакай дар боздоштгоҳи Гуантанамо сипарӣ кардааст, на бештар аз 8 соли дигар ҳукми зиндон бигирад.
XS
SM
MD
LG