Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домани кӯтоҳ дар як гӯшаи Итолиё манъ хоҳад шуд


Мақомоти Кастелламмаре дӣ Стабиа, шаҳре дар соҳили баҳр дар ҷануби Итолиё гуфтаанд, ки мехоҳанд пӯшидани либоси беш аз ҳадд бозро манъ кунанд. Шаҳрдори муҳофизакори минтақа Луиҷӣ Боббио гуфт,доманҳои кӯтоҳ, ё минӣ-юбка ва дигар анвоъи либосҳои шӯрбарангез фақат дар сурате иҷозат дода хоҳанд шуд, ки хеле боз набошанд.
Як гурӯҳи занони фаъол мехоҳанд алайҳи раъйгирии имрӯза дар рӯбарӯи шаҳрдорӣ ташкили эътироз кунанд. Онҳо аз тарафдорони худ хостаанд, ки маҳз домани кӯтоҳ ба бар кунанд.
Тарҳи қарори шаҳрдорӣ ҳамчунин бозии футбол дар маконҳои ҷамъиятӣ, офтобхӯрӣ ё урёнгардӣ дар шаҳр ва ҳам истифода аз дашном ва алфози қабеҳро манъ мекунад. Барои нақзи ин дастур то 500 евро ҷарима ҳам таъйин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG