Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба сӯхтгирӣ дар нирӯгоҳи Бушаҳр мепардозад


Интизор меравад, Эрон имрӯз ба сӯхтрезии нирӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр бипардозад. Ин як гоми дигар дар роҳи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон аст, ки Русия бунёд мекунад. Сӯхтгирии нирӯгоҳро дирӯз Аловуддин Боҷувардӣ, раҳбари кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон эълон кардааст.
Эрон гуфта, ки ин нирӯгоҳи иқтидораш 1000 мегаватт аз оғози соли оянда ба тавлиди нирӯ оғоз хоҳад кард.
Нирӯгоҳи Бушаҳр расман дар моҳи август боз шуд, вале баъдан бар асари сирояти вируси компутарӣ шурӯъи кораш ба таъхир уфтод. Русия таъмини нирӯгоҳ бо маводи сӯхти ураниумро бар ӯҳда гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ғанисозии ураниуми худи Эрон мояи нигарониҳои кишварҳои Ғарб шудааст, ки шояд ба хотири тавлиди силоҳи ҳастаӣ истифода шавад.
Эрон ин иддаоро аммо радд мекунад.
XS
SM
MD
LG