Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои скинҳед ҳукми умрбод талаб кард


Додситон дар додгоҳи Маскав барои раҳбари гурӯҳи скинҳедҳо, ки аз сӯи ҳайъати мунсифаи додгоҳ ба даст доштан дар қатли 15 тани ғайриславян муҷрим шинохта шуд, ҳукми зиндони умрбод тақозо кард. Тафтишот мегӯяд, Василий Криветс ва гурӯҳи ӯ ин 15 атбоъи Тоҷикистону Узбакистон ва Озарбойҷону Туркияро дар Маскав аз моҳи октябри соли 2007 то майи соли 2008 ба қатл расондаанд. Дмитрий Уфимтсев, шарики Криветс ба даст доштан дар 5 куштор муҷрим шинохта шуд ва додситон барои ӯ 23 сол ҳукми зиндон талаб кардааст. Қарор аст, ҳукми онҳо рӯзи панҷшанбе, 28 октябр эълон шавад.
XS
SM
MD
LG