Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи Тоҷикистон қариб 1,8 миллиард доллар шудааст


Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, қарзи кишвар то 1 октябр ба 1 миллиарду 790 миллион доллар расидааст, ки қариб 32 дарсад ё сеяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти хабариаш гуфт, имсол барои баргардон ва пардохти фоизи қарзҳои хориҷӣ аз будҷа 47 миллион доллар масраф шудааст. Тибқи стротежии коҳиши фақр, ки ҳукумати Тоҷикистон тасвиб кардааст, ҳаҷми қарзи хориҷиаш набояд аз марзи 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ убур кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG