Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари зоирон ба Маккаву Мадина шурӯъ шудааст


Рӯзи севвум аст, ки сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина идома дорад. Нахустин ҳавопаймо бо 210 зоир рӯзи якшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба қасди Арабистони Саудӣ ба ҳаво хест. Имсол, қарор аст, 5500 зоир аз Тоҷикистон фаризаи Ҳаҷро ба ҷо биоранд. Як теъдоди дигар аз зоирони тоҷик ба манзури сафари хонаи Худо аз квотаи Қазоқистон истифода хоҳанд бурд. Интизор меравад, интиқоли зоирони тоҷик ба Саудия то 2 ноябр анҷом шавад. Хидматрасонии ин зоирин дар Маккаву Мадина бар асоси тендер ба ширкати саудии “Дуруд Табба” вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG