Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 шӯришии дигар дар водии Рашт


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар водии Рашт боз 3 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта шуда, як нафари дигар боздошт шудааст. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёт 4 мусалсали Калашников ва бомбҳои худсохт низ мусодира шудааст. Оқои Асадуллоев ҷангиёни кушташударо аъзои гурӯҳи таҳти раҳбарии Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов ном бурд. Душанбе ин ду фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Раштро масъули шабехуни рӯзи 19 сентябр алайҳи корвони нирӯҳои артиши Тоҷикистон дар дараи Камароб медонад. Дар он ҳама 26 сарбоз кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG