Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои 6 санади ҳамкорӣ байни Кобулу Душанбе


Дар ҷараёни рӯзи аввали боздиди дурӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Кобул миёни Тоҷикистону Афғонистон 6 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳоти энерживу ҷаҳонгардӣ ва идораи муштараки захоири рӯдҳои Панҷу Омӯ ба имзо расид. Оқои Раҳмон дар пайи мулоқот бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай хабарҳо дар бораи вуруди гӯё то 400 ҷангӣ ба Тоҷикистон аз марзи Афғонистонро муҳобот номид.
Зимни музокироти Кобул, ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин тааҳҳуд супурд, ҳар сол то 100 донишҷӯи афғонро дар коллеҷи тиббии Душанбе ба таҳсил фаро бигирад.
XS
SM
MD
LG