Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон имрӯз бо Индонезия бозӣ мекунад


Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон имрӯз дар даври дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё дар Тошканд бо тими Индонезия вориди рақобат хоҳад шуд. Дар бозии дуввуми гурӯҳи А тимҳои Узбакистону Урдун ба дидори ҳам хоҳанд рафт. Узбакистон, ки дар даври аввал Индонезияро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод, феълан бо 3 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст. Тоҷикистону Урдун, ки рақобати онҳо дар даври аввал бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт, ҳарду якимтиёзӣ доранд. Чаҳор дастаи беҳтарини Осиё бар асоси натоиҷи мусобиқоти Тошканд ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Мексика хоҳад гузашт, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG