Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Ҳанифа Мавлоноваро имрӯз ба Душанбе меоранд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ҷанозаи овозхони маъруфи тоҷик Ҳанифа Мавлонова субҳи имрӯз, 26 октябр, тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, тамоми масорифи таҳвили ҷанозаи Ҳанифа Мавлоноваро ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳдаи худ гирифтааст. Вале ҳанӯз эълон нашудааст, ки ҷанозаи овозхони маъруфро дар Душанбе дафн хоҳанд кард ваё дар зодгоҳаш – шаҳри Хуҷанд.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, хонандаи шинохтаи опера ва “Шашмақом” Ҳанифа Мавлонова ахиран дар пайи бемории тӯлонӣ дар пойтахти Русия дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Ӯ аз соли 1993 дар Маскав ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG