Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳнаҳои шоҳасари "Шоҳнома" дар Амрико


Маъруфтани наққошиҳо аз рӯи саҳнаҳои шоҳасарҳои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ – “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Амрико ба намоиш гузошта шуд. Ҳудудан 20 нигораи маъруфи қарнҳои гузашта, ки ба қалами рассомони маъруфи эронӣ тааллуқ дорад, дар яке аз намоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳи Смиссониан дар Вашингтон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Яке аз онҳо наққошии эрониест, ки бо ранги равғанӣ соли 1518 кашида шудааст. “Тахтнишинии Каюмарс”, аз аввалин шоҳони Эрон ва раҳбари сулҳофарини ин сарзамин, ки 30 сол ҳукмронӣ кардааст. Дар нигораи дигар аз соли 1525 “Рустам ва Рахш” тасвир шудаанд, ки дар Табризи Эрон наққошӣ шудааст. Дар ҷо-ҷои ин тасвирҳо пораҳо аз абёти мондагори Фирдавсии бузург бо хати зарҳал дарҷ шудааст.



Нигораҳои гаронбаҳо

Аҳмадкарими Ҳаккок, раҳбари маркази мутолеоти форсии донишгоҳи Мериланди Амрико мегӯяд, арзиши наққошиҳои дар намоишгоҳ гузошташуда хеле баланд аст:

“Шумо аҳамияти “Иллиада” ё “Одиссея”-ро барои суннатҳои ғарбӣ, “Мазҳака”-и Дантеро барои адабиёти итолиёӣ ва ё “Баргҳои алаф”-и Вайтманро барои адабиёти амрикоӣ хуб дарк мекунед. “Шоҳнома” бунёнгузор аст. Аксари суннатҳои қиссаву достонсароӣ, ки ба забони форсӣ дар Эрон ва манотиқи дигари мисли Ҳинду Осиёи Марказиву Анатолияву Қафқоз пайдо шудаанд, аслан боиси баъдан эҷод шудани асарҳои ҳамсони дигар дар адабиёти ҷаҳонӣ шудаанд”.

Ҳоло шаш моҳи дигар қарор аст 20 асари муҳими наққошии эронӣ, ки бозгӯкунандаи достонҳои “Шоҳнома” буда ба қалами наққошони асримиёнагии эронӣ тааллуқ доранд, дар намоишгоҳи ҳунарии Вашингтон гузошта шаванд. Дар баробари ин, нусхаҳои хеле қадимаи “Шоҳнома” ҳам барои ошноӣ барои тамошобини ғарбӣ пешниҳод мешаванд.

Намоишгоҳ барои шаш моҳ

Маъсума Фарҳод масъули ташкили намоишгоҳҳо дар назди Пажӯҳишгоҳи Смисстониани Вашингтон аст. Вай мегӯяд, ҳарчанд ин нигораҳо танҳо саҳнаҳои мушаххаси достонҳои “Шоҳнома”-ро ба намоиш мегузоранд, ҳодисаи баргузории ин намоишгоҳ ва арзиши ин шоҳасар бебаҳо аст:

“Аксари нигораҳо аз ду нусхаи хеле маъруфи ин шоҳасар гирифта шудаанд, ки яке дар қарни 14-и сарнавиштсози ҳунари наққошии Эрон ва дигаре дар асри 16-ум эҷод шудааст, ки аз ҷониби бисёриҳо барои хаттотии бисёр нодираш дар ҷаҳони Ислом ситоиш шудааст”.


Адабиётшиносони ҷаҳонӣ мегӯянд, агар як муваффақияти “Шоҳнома” дар бозгӯи бисёр амиқу фарогири фоҷеаҳои инсониву ҳукуматдорӣ бошад, аз сӯи дигар, ин беҳтарин асарест, ки ҳуввияти мардуми эронинажодро беҳтар аз ҳар асари дигар дар ҷаҳони Ислом муаррифӣ кардааст.

Қарор аст, намоишгоҳи наққошиҳои “Шоҳнома” то ним соли дигар дар маърази умум қарор гирад.
XS
SM
MD
LG