Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи 76 миллиони саҳмияҳо дар сохтмони Роғун


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли ҷорӣ аз 820 миллион сомонӣ маблағҳои мардумӣ барои нерӯгоҳи Роғун 76 миллион сомонӣ дар сохтмони нерӯгоҳ сарф шудааст. Маблағҳои боқимонда дар бонкҳои кишвар нигоҳдорӣ мешавад.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, 300 миллион сомонӣ аз ин маблағҳо бо баҳраи аз 12 то 13 дарсад ба ихтиёри 5 бонки тиҷоратии кишвар вогузор шуда, маблағҳои боқимонда дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Вале, мегӯяд ӯ, маблағҳое, ки дар Бонки Миллӣ ҳастанд, бекор нахобидаанд.

Саҳмияфурӯшӣ идома дорад

Ба гуфтаи вазири молия, фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар кишвар қатъ нашудааст ва то охири соли ҷорӣ маблағи фурӯши он ба 880 миллион сомонӣ хоҳад расид. Ҳоло асосан саҳмияҳои 100 сомонӣ ва 500 сомонӣ ба фурӯш мераванд.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун сокинони кишвар ба маблағи 820 миллион сомонӣ, баробар ба бештар аз 180 миллион доллар, аз ин саҳмияҳо харидорӣ кардаанд.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон
Давлати Тоҷикистон ба хотири мустақилона шурӯъ кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар оғози соли 2010 саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили 1 миллиарду 350 миллион доллар ба фурӯш бароварда буд.

Вале баъдан маҷбур шуд, ки бо дархости ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кӯмакрасонҳои Тоҷикистон то замони анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳ, ки Бонки ҷаҳонӣ онро бар ӯҳда гирифтааст, таблиғи густурдаи саҳмияҳои Роғунро муттаваққиф кунад.

850 миллиони буҷа барои Роғун

Гуфта мешавад, дар буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон барои бахши энержии кишвар 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт, ки аз ин маблағ 850 миллион сомонӣ барои неругоҳи Роғун масраф хоҳад шуд. Ҳамчунин, давлати Тоҷикистон тасмим дорад, ки барои пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун як суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ ташкил кунад.

Вазири молияи Тоҷикистон дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон ҳамчунин дар бораи қарзҳои берунии Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Вай гуфт, ҳоло қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз марзи 1 миллиарду 790 миллион доллар, баробар ба бештар аз 31 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар убур кардааст.

Баҳси қарзи Душанбе аз Тошканд

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки Душанбе бо Тошканд дар масъалаи ба таъвиқ андохтани муддати бозгардондани қарзҳояш ба тавофуқ расидааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, агарчӣ то ҳол дар ин замина санаде имзо нашудааст, аммо ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ивази ёздаҳ миллион доллар, ҳашт миллион доллар пардохт карда, муддати пардохти маблағҳои боқимонда то соли 2014 тамдид мешавад.

Тоҷикистон аз Узбакистон 30 миллион доллар қарздор аст ва ин вомҳо дар солҳои 1990 гирифта шудааст, ки муддати ниҳоии пардохташ соли 2016 мебошад.

Ҳамчунин вазири молия дар бораи роҳандозии молиёти аксизии 3 дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон, ки ахиран боиси норизоятии мардум ва ширкатҳои телефонӣ шудааст, изҳори назар кард ва гуфт, ки тарҳи ин қонун дар ҳоли баррасист.
XS
SM
MD
LG