Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар амалиёти Рашт 3 кушта ва як нафар боздошт шудааст


Маҳмадулло Асадуллоев-суухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, амалиёти нируҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон идома дорад. Дар ин амалёт се нафар кушта, як нафар захмӣ ва боздошт шудаанд. Амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар дараи Камароби водии Рашт баъд аз он шурӯъ шуд, ки 19 сентябр гурӯҳи мусаллаҳи номаълум ба корвони мошинҳои артиши Тоҷикистон ҳамла бурд ва 25 нафар кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳамла гурӯҳҳои марбут ба фармондеҳони собиқи нирӯҳои мухолифини Тоҷикистон Абудлло Раҳимов ва Алии Бедакиро муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG