Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари эътисобҳои тӯлонӣ дар Фаронса


Имрӯз ҳукумати Фаронса ҳушдор дод, ки эътисоб ё корпартоӣ бар зидди ислоҳот дар низоми нафақа дар ин кишвар то ба 3 миллиард евро зарар овардааст ва он метавонад ба барқарории шиканандаи иқтисоди ин кишвар аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ таҳдид кунад. Кристина Лагарде-вазири молияи Фаронса дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, эътисобҳои тулонӣ сабаб шудааст, ки ҳар рӯз иқтисоди кишвараш миллионҳо евро аз даст диҳад. Ба гуфтаи вай, дар 8 рӯзи эътисоб зарар ба 3,2 миллиард евро мерасад.
XS
SM
MD
LG