Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сербистон ба музокироти узвият дар ИА наздик шуд


Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ дар Луксембург мегӯянд, ки ин иттиҳодия қадами дигаре ба музокироти узвияти Сербистон наздик шудааст, вале он ба ҳамкории ин кишвар бо додгоҳи ҷурму ҷиноёти вобаста ба СММ иртибот дорад. Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябр Сербистон ва Косово ба тавофуқ расиданд, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам ба музокира менишинанд. То ҳол Сербистон истиқлолияти давлатии Косоворо ба расмият нашинохтааст. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар мулоқоти Луксембург ширкат мекунад, чунин гуфт:

"Мо машғули масъалаи Сербистону Косово ҳастем ва умед дорем, ки баррасии он ба зудӣ пеш меравад. Ман хеле хушҳол ҳастам, ки президенти Сербистон Тадич ва нахуствазири Косово Тачӣ ин рӯҳияро эҳсос кардаанд ва мехоҳанд ба пеш ҳаракат кунанд".


Вазирон ба кумиссиюни иҷроии Иттиҳодияи Аврупо барои оғози музокироти узвият дархост фиристоданд.
XS
SM
MD
LG