Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: дар нооромиҳои Рашт шаҳрвандони афғон нестанд


Эмомалӣ-Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз мулоқот бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар нишасти хабарие дар Кобул гуфт, дар миёни ононе, ки дар ҷараёни амалиёти нируҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳҳои худсар дар шарқи Тоҷикистон боздошт шудаанд, шаҳрвандони Афғонистон нестанд.

"Воқеаҳое, ки рух доданд дар Тоҷикистон таҳти назорат ҳастанд. Баъзе аз онҳо нест карда шуданд. Қисми зиёдашон асир гирифта шудаанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳаст, на шаҳрвандони Афғонистон. Шаҳрвандони худи Тоҷикистон ҳастанд. Аз кишварҳои дигар ҳастанд".


Бо вуҷуди ин оқои Раҳмон афзуд, вазъ дар Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба вазъ дар Афғонистон вобастагӣ дорад ва мо бояд барои таъмини амният дар минтағқа ва бар зидди терроризм ҳамкорӣ кунем.
XS
SM
MD
LG