Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Қазоқистон ғалла мегирад


Бонки осиёии рушд бо ширкати қазоқии «Корпорация «АПК-Инвест» қарордоде имзо кардааст, ки бар асоси он Бонки осиёии рушд ҷиҳати харидории ғалла барои Тоҷикистон дар солҳои 2010-2012 сармоягузорӣ мекунад. Ин бонк дар баёнияи матбуотии худ гуфтааст, ки ҳудуди 167 ҳазор тон ғалла аз воҳидҳои кишоварзии шимоли Қазоқистон харидорӣ хоҳад шуд. 90 дарсади ин миқдор ғалларо Тоҷикистон ворид хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG